Ман донишҷӯдухтари донишгоҳи шаҳри Вена мебошам ва ҳангоми таҳсил дар факултаи “Дорусозӣ” фаҳмидам, ки ба таркиби қисми зиёди маҳсулотҳои ғизоӣ миқдори каме аз спирт изофа карда мешавад. Спиртро ба хотири омехта кардани ду модда ё нигоҳ доштани маҳсулот ва ё барои сахт кардани он изофа мекунанд. Маводҳое, ки изофа карда мешаванд, инҳоянд: GLYCEROL, SORBIT, XYLIT, MALTIT, VANILIN, TRIACETIN, AGAR AGAR, PEKTIN. Саволи дигар: Ҳукми изофа намудани спирт дар кремҳо, атрвориҳо ва маводҳои ороишии омма чист?
Ҳукми маводҳои ғизоӣ ва ороишие, ки дар онҳо спирт изофа карда шудааст.
Савол: 59899
Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Аввал:
Спирт аз маводҳои масткунанда ба ҳисоб меравад ва ҳар маводи масткунанда хамр мебошад ва хамр ҳаром аст. (Ҳар чизи масткунандаро хамр меноманд). Мавҷудияти спирт дар инҷо ба ду амр вобастагӣ дорад:
1. Оё он наҷосат аст ё на?
2. Оё он агар ба дорувориҳо ва ғизовориҳо омехта шавад, ба онҳо таъсир мерасонад?
Амри аввал: Аксари донишмандон бар инанд, ки хамр наҷосати ҳиссӣ мебошад, аммо раъйи дуруст ин аст, ки он ин тавр нест, балки наҷосати маънавист.
Амри дуввум: Агар спирт бо доруворӣ ё бо ғизоворӣ изофа шавад, дар ин ҳолат таъсири он аён аст ва ё аён нест. Агар таъсираш аён бошад, омехта карданаш ҳаром аст, аз ин рӯ, хӯрдану нӯшидани чунин дорувориву ғизоворӣ ҳаром аст.
Агар дар ин ғизоҳо ва дорувориҳо таъсири спирт боқӣ намонда бошад, хӯрдану нӯшидани онҳо ҷоиз аст. Инҷо, байни нӯшидани худи спирт ва онро бо чизе омехта кардан, фарқ вуҷуд дорад. Нӯшидани спирти холӣ, ҷоиз нест, агарчанде он кам ҳам бошад ва агар бо дигар чиз омехта карда шавад, ҳукми онро дар боло гуфта гузаштем.
Фатвои Шайх Муҳаммад ибни Солеҳи Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) ба таври муфассал дар ин масъала.
Шайх Муҳаммад ибни Солеҳи Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:
Спирт чӣ тавре маълум аст маводи масткунанда аст, бинобар ин, он хамр мебошад. Чуноне ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: “Ҳама чизи масткунанда ҳаром аст”. Дар ривояти дигар омадааст: “Ҳама масткунанда хамр аст”. Аз ин рӯ, агар спирт бо чизе омехта карда шавад ва бо он чизе, ки омехта шудааст, худ омехта нагардад, он чиз ҳаром мегардад, зеро чизи омехташуда ба он таъсир кардааст. Аммо агар спирт бо чизе омехта шуда, ягон асаре аз худ боқӣ нагузорад, дар ин ҳолат, он чиз ҳаром нест. Зеро аҳли илм (раҳмати Аллоҳ бар онҳо бод) бар он иҷмоъ намудаанд, ки агар наҷосат бо об омехта шуда, онро тағйир надиҳад, пас он таҳур (покиза ва покизакунанда) аст. Фоизе, ки байни спирт ва байни он чиз, ки бо он омехта шудааст, гоҳо зиёд ва гоҳо кам мегардад. Ин ба он маъност, ки гоҳо спирт қавӣ асту, ҳангоми омехта кардан бо чизи дигар, миқдори камаш ҳам таъсир мерасонад ва гоҳо спирт заиф буда, агарчи миқдори зиёд ҳам, ки бошад, таъсир намерасонад. Асли масъала ҳама ба таъсирнокии он вобастагӣ дорад.
Сипас инҷо ду раъйе вуҷуд дорад:
1 – Оё хамр наҷосати ҳиссӣ аст? Яъне вақте ки он ба бадан, либос ё зарф бирасад, шустани он воҷиб аст ё на? Ҷумҳури уламо (аксари донишмандон) бар инанд, ки хамр (шаробҳои масткунанда) наҷосати ҳиссӣ буда, шустани бадан, либос, зарф ё қолин ва ғайра, ки ба он хамр расидааст, воҷиб мебошад, чигунае ки шустани пешоб ва ғойит (ахлот) воҷиб аст. Барои тақвияти ин гуфтаҳо ояти зуринро далел овардаанд, ки Аллоҳ таъоло фармудааст:
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنَّمَا الْخَمْرُ وَالْمَيْسِرُ وَالأَنْصَابُ وَالأَزْلامُ رِجْسٌ مِنْ عَمَلِ الشَّيْطَانِ فَاجْتَنِبُوهُ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ
المائدة/90
“Эй касоне, ки имон овардаед! Хамру қимору бутҳо ва азлом (як навъ қуръапартоӣ), палид ва аз амали шайтон аст, пас аз онҳо дурӣ ҷӯед, то растагор шавед”. (Сураи Моида: 90).
“Риҷс” (رِجْسٌ) ба маънои палид аст. Чихеле ки Аллоҳ таъоло фармудааст:
قُلْ لا أَجِدُ فِي مَا أُوحِيَ إِلَيَّ مُحَرَّماً عَلَى طَاعِمٍ يَطْعَمُهُ إِلَّا أَنْ يَكُونَ مَيْتَةً أَوْ دَماً مَسْفُوحاً أَوْ لَحْمَ خِنْزِيرٍ فَإِنَّهُ رِجْسٌ
الأنعام/145
“Бигӯ: Дар он чӣ бар ман ваҳй шудааст, ҳеҷ хӯроки ҳароме намеёбам, ба ҷуз ин ки мурдор (ҳароммурда) бошад, ё хуни рехта, ё гушти хук – ки инҳо ҳама палиданд”. Яъне наҷасанд. Сураи Анъом, ояти 145.
Ҳамчунин ҳадиси Абусаълабаи Хушаниро далел кардаанд, ки ӯ аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) оиди хӯрдан дар зарфи кофирон пурсид, пас паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: “Дар он зарфҳо нахӯред, магар дар ҳолате, ки зарфи дигареро пайдо накунед, пас онро бишӯед ва дар он бихӯред”. Дар баёни сабаби манъи хӯрдан дар зарфҳои кофирон, омадааст, ки онҳо дар он зарфҳо хамр, гӯшти хук ва дигар чизҳои ҳаромро мегузоштанд.
2 – Хамр наҷосати ҳиссӣ нест. Дар тақвияти гуфтаи худ, қоидаи зеринро далел овардаанд: “Ҳама чиз дар асл пок аст”. Барои ҳаром будани чизе, шарт нест, ки он наҷосат бошад. Масалан, заҳр ҳаром аст, бо вуҷуди ин, он наҷосат нест. Инчунин, асҳоби ин раъй гуфтаанд: Қоидаи шаръӣ мегӯяд: “Ҳамаи наҷосатҳо ҳаром буда, ҳама чизҳои ҳаром наҷосат нест”. Аз ин рӯ, хамр ҳаром аст ва то он даме, ки далеле бар наҷосат будани он пайдо нашавад, онро наҷосат намегӯем. Ҳамчунин воқеаи зеринро ба худ далел кардаанд: Чун хамр ҳаром гардид, мусалмонон зарфҳои онро дар бозорҳо рехта, он зарфҳоро нашустанд. Дар бозорҳо рехтани хамр далолат бар он дорад, ки он наҷосат нест, зеро бар инсон дуруст нест, ки дар бозорҳои мусалмонон хамрро бирезад.
Чигунае, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: “Аз ду амале, ки сабаби гирифтори лаънат мешаванд, бипарҳезед”. Гуфтанд: Эй расули Худо, он ду амале ки сабаби гирифтори лаънат мешаванд, кадоманд? Фармуд: “Шахсе ки дар роҳ ё дар соягоҳи мардум қазои ҳоҷат мекунад”.
Бинобар ин, онҳо зарфҳоро нашустаанд, агар хамр наҷосат мебуд, шустани зарфҳо воҷиб мегашт.
Инчунин, ҳадиси зеринро аз китоби “Саҳиҳ”-и Муслим далел овардаанд: Марде ба паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) кӯзаи хамрро ҳадя менамояд. Пас Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ӯро хабардор мекунад, ки хамр ҳаром шудааст. Дар ин ҳангом, яке аз саҳобагон бо соҳиби кӯза пинҳонӣ сухан мегӯяд. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба ӯ мегӯяд: Бо ӯ пинҳонӣ чӣ гуфтӣ? Мегӯяд: Гуфтам, ки онро бифурӯш. Сипас паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аз фурӯхтани он низ манъ намуда мефармояд: Ҳаройина, агар Аллоҳ чизеро ҳаром гардонд, пули онро низ ҳаром мегардонад. Баъд аз он, ин мард сарпӯши кӯзаро кушода дар назди паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) он хамрро бар замин мерезад. Дар ин ҳолат, паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бар шустани кӯза амр нанамуд. Агар хамр наҷосат мебуд, паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) наҷосат будани онро баён мекард ва ӯро амр мекард, ки кӯзаро бишӯяд.
Аммо далели асҳоби раъйи аввал, ки хамрро наҷосати ҳиссӣ дониста, ояти зеринро далел кардаанд, ки Аллоҳ таъоло фармудааст:
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنَّمَا الْخَمْرُ وَالْمَيْسِرُ وَالأَنْصَابُ وَالأَزْلامُ رِجْسٌ مِنْ عَمَلِ الشَّيْطَانِ
المائدة/90
“Эй касоне, ки имон овардаед! Хамру қимору бутҳо ва азлом (як навъ қуръапартоӣ), палид ва аз амали шайтон аст”. (Сураи Моида: 90).
Аллоҳ Таъоло дар ин оят қайд намудааст, ки ин наҷосат, наҷосати амалист, чихеле ки фармудааст: “Палид ва аз амали шайтон аст”, хамр наҷосати ҳиссӣ нест, далели он ин аст, ки қимору бутҳо ва азлом наҷосати ҳиссӣ нестанд. Лекин ҳамроҳ бо хамр дар якҷо зикр шуда, омили онҳо як аст. “Ҳаройина хамру қимор, бутҳо ва азлом (як навъ қуръапартоӣ), палид ва аз амали шайтон аст”. Аз ин рӯ, ҷоиз нест, он чизеро, ки ин оят бар он далолат мекунад, ба ду нуқтаи назари гуногун (маънавӣ ва ҳиссӣ) тақсим намоем (яъне наҷосати хамрро ҳиссӣ гуему наҷосати қимору бутҳову азломро маънавӣ) магар дар ҳолате дуруст мегардад, ки агар ба он далеле, вуҷуд дошта бошад.
Аммо ҳадиси Абусаълабаи Хушанӣ, ки ба шустани он амр намудааст, ин кор ба хотири наҷосат будани он нест. Эҳтимол дорад, ки “ба шустан амр шудани он”, аз сабаби пурра дур ва ҷудо шудан аз зарфҳои кофирон аст, ки ба ламс намудану наздик шудани онҳо бурда мерасонад. Зеро чихеле ки ба ҳамагон маълум аст, наҷосат бо эҳтимол собит намегардад.
Ба ҳар ҳол, ин амри аввал аст, ки дар ҷавоби ин савол оиди спирт баҳс карда шавад. Агар маълум гашт, ки спирт низ наҷосати ҳиссӣ нест, дар ин ҳолат он наҷосат набуда, дар ҳолати покиаш боқӣ хоҳад монд.
Аммо амри дуввум ин аст, ки агар маълум шавад, ки дар таркиби ин атрвориҳо спирти зиёди ботаъсир вуҷуд дорад, пас оё ба ғайр аз нӯшидан дар дигар чиз истифода бурдани он ҷоиз аст?
Ҷавоб чунин аст: Аллоҳ Таъоло фармудааст: “Пас дурӣ биҷуед”. Инҷо амри Аллоҳ ом буда, ҳама намуди истифодаро дарбар мегирад. Яъне мо аз хӯрдан, нӯшидан, атр задан ва ғайра аз он дурӣ меҷӯем, бе шак ин хубтар аст, лекин дар оят баёни ғайри нӯшокиҳо наомадааст.
Зеро Аллоҳ таъоло сабаби дурӣ ҷустанро зикр намуда фармудааст:
إِنَّمَا يُرِيدُ الشَّيْطَانُ أَنْ يُوقِعَ بَيْنَكُمْ الْعَدَاوَةَ وَالْبَغْضَاءَ فِي الْخَمْرِ وَالْمَيْسِرِ وَيَصُدَّكُمْ عَنْ ذِكْرِ اللَّهِ وَعَنْ الصَّلَاةِ فَهَلْ أَنْتُمْ مُنتَهُونَ
المائدة/91
“Шайтон мехоҳад ба василаи хамру қимор, дар байни шумо адовату кина эҷод кунад ва шуморо аз ёди Аллоҳ ва аз намоз боздорад, пас оё шумо худдорӣ мекунед?” (Сураи Моида: 91).
Ин наҳй ғайри нӯшокиҳоро дарбар намегирад, бар ин асос аз рӯи тақвокорӣ аз чунин атрвориҳо дурӣ ҷустан хубтар аст, аммо онро бо таъкид ҳаром шуморидан, ҷоиз нест. Поёни сухан.
“Фатово нурун ала-д-дарб” тавассути сомонаи (Ан-Нисо).
Саввум:
Аммо дар мавриди ҳукми маводҳои ороишӣ, аз ҷавобҳои саволҳои рақами (20226) ва (26799) ва (26861) маълумот гирифта метавонед.
Аллоҳ донотар аст.
Сарчашма:
Ислом савол ва ҷавоб